МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ДАР САТҲИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Декабрь 5, 2009 11:45

                 Москав, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Рӯзҳои 9-10 декабри соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷрояи ИДМ гурӯҳи мутахассисон лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳо — аъзои ИДМ дар мубориза алайҳи ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, аз ҷумла, ришваситонӣ, сӯиистифода аз вазифа, ваколатҳои мансабӣ, дуздии амвол бо истифода аз имкониятҳои хизматӣ ва мансабҳои давлатӣ, дигар амалҳое, ки бар зидди манфиатҳои ҷомеа ва давлат, барои гирифтани манфиати шахсӣ, ҳуқуқҳои молиявӣ барои худ ва ё шахсони сеюм равона шудааст, баррасӣ мегарданд.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз маркази матбуоти Кумитаи иҷрояи ИДМ иттилоъ доданд, мувофиқи лоиҳаи Созишнома, мақсад аз ҳамкориҳои давлатҳо-аъзои ИДМ таҳия ва татбиқи барнома ва чорабиниҳои якҷояи босамар дар мубориза алайҳи коррупсия, роҳ надодан ба паҳншавии он, мутобиқсозии қонунҳои миллӣ ва бунёди асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳои хавфнок мебошад.

Декабрь 5, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд