МУФАТТИШИ ПОРАХӮР БА ДАСТ АФТОД

Декабрь 22, 2009 08:59

                   Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – Шаҳрванд «Ҳ» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуд, ки муфаттиши ШКД-и ш.Хуҷанд Абдусаломов Абдузариф барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданаш аз рӯи парвандаи дар истеҳсолоташ буда, 1500 доллари ИМА талаб кардааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентӣ иттилоъ доданд,                   Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Абдусаломов А. баъд аз гирифтани маблағи 700 доллари ИМА ва 1300 сомонӣ аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуд.                     Нисбат ба Абдусаломов А. бо аломати моддаи 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораҳои пешбинӣ намудаи қонун татбиқ мешаванд. 

Декабрь 22, 2009 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд