МУФАТТИШИ ПОРАХӮР БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). – Шаҳрванд «Ҳ» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуд, ки муфаттиши ШКД-и ш.Хуҷанд Абдусаломов Абдузариф барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданаш аз рӯи парвандаи дар истеҳсолоташ буда, 1500 доллари ИМА талаб кардааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентӣ иттилоъ доданд, Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Абдусаломов А. баъд аз гирифтани маблағи 700 доллари ИМА ва 1300 сомонӣ аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуд. Нисбат ба Абдусаломов А. бо аломати моддаи 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораҳои пешбинӣ намудаи қонун татбиқ мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






