МУФАТТИШИ ПРОКУРАТУРА 6000 ДОЛЛАРИ ИМА ПОРА ГИРИФТ

Декабрь 22, 2009 09:15

                   Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон Қарақулов А.Н. аз ваколатҳои мансабии худ сӯйистифода намуда, бо роҳи тамаъҷӯӣ ба сифати пора барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд «З» аз бародари ӯ маблағи пулӣ 8000 доллари ИМА талаб мекунад.                    Рӯзи 2 ноябри соли 2009 тахминан соатҳои 17 муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон Қарақулов А.Н. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 6000 доллари ИМА аз шаҳрванд «З» дар утоқи корӣ дастгир карда шуда, маблағи 6000 доллари ИМА аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.                     Дар ҳаракатҳои Қарақулов А.Н. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 319 қ.4, 316 қ.3 ва 360 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад. Тафтишот давом дорад.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат иттилоъ доданд.

Декабрь 22, 2009 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд