МУКОФОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ БА КИНОСОЗИ ТОҶИК

Декабрь 3, 2009 15:15

                  Маскав, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев чанд рӯз пеш дар бораи мукофотонидани ҳунарманди варзидаи соҳаи кинои Тоҷикистон Ҷамшед Раҳмонов бо ордени «Дружба» фармон имзо кард.                   Ҷ.Раҳмонов мактаби олиро дар шаҳри Ленинград хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст. Кумитаи давлатии кинои ИҶШC солҳои 80 – ум Ҷ.Раҳмоновро ҳамчун мушовир ба Афғонистон фиристода буд.                  Ӯ баъди анҷоми хизматаш дар Афғонистон дар бораи ин мамлакат ва ҳамкориҳои Афғонистон бо Русия чандин филмҳо ба навор гирифт. Филмҳои Ҷ.Раҳмонов дар бораи Афғонистон сазовори ҷоизаҳои гуногун гардидаанд.                  Ҷ.Раҳмонов чанде пеш филми мустанади «Тоҷикистониён» — ро ба навор гирифт, ки дар бораи дастовардҳои арбобони илму фарҳанги Тоҷикистон ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия нақл мекунад.                   Ҷ.Раҳмонов академики Академияи телевизион ва радиои Евразия, узви Иттифоқи киносозони Русия буда, дар ҳаёти ҷамъиятии ҳар ду мамлакат фаъолона ширкат меварзад.

Декабрь 3, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст