МУКОФОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ БА КИНОСОЗИ ТОҶИК
Маскав, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев чанд рӯз пеш дар бораи мукофотонидани ҳунарманди варзидаи соҳаи кинои Тоҷикистон Ҷамшед Раҳмонов бо ордени «Дружба» фармон имзо кард. Ҷ.Раҳмонов мактаби олиро дар шаҳри Ленинград хатм карда, солҳои тӯлонӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст. Кумитаи давлатии кинои ИҶШC солҳои 80 – ум Ҷ.Раҳмоновро ҳамчун мушовир ба Афғонистон фиристода буд. Ӯ баъди анҷоми хизматаш дар Афғонистон дар бораи ин мамлакат ва ҳамкориҳои Афғонистон бо Русия чандин филмҳо ба навор гирифт. Филмҳои Ҷ.Раҳмонов дар бораи Афғонистон сазовори ҷоизаҳои гуногун гардидаанд. Ҷ.Раҳмонов чанде пеш филми мустанади «Тоҷикистониён» — ро ба навор гирифт, ки дар бораи дастовардҳои арбобони илму фарҳанги Тоҷикистон ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия нақл мекунад. Ҷ.Раҳмонов академики Академияи телевизион ва радиои Евразия, узви Иттифоқи киносозони Русия буда, дар ҳаёти ҷамъиятии ҳар ду мамлакат фаъолона ширкат меварзад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






