МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ

Декабрь 21, 2009 09:43

                  Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Дар Маскав бо иштироки муовини директори Бюрои ҳамоҳанг сохтани мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилона дар қаламрави ИДМ, генерал – майори милиса Ҷӯрахон Зоиров ва намояндагони бюрои мазкур бо донишҷуёни тоҷик мулоқот баргузор гардид, ки дар Донишгоҳи вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Маскав таҳсил мекунанд.                    Ҷурахон Зоиров дар назди ҳозирон сухан карда, зикр намуд, ки риояи интизом ва тартибот дар фаъолияти касбии кормандони ВКД нақши асосӣ мебозад. Онҳо бояд таҷрибаи насли калонсолро омӯхта, баъдан таҷрибаи худро ба ҷавонон омӯзонанд.                   Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барномаи махсуси омода сохтани кадрҳоро барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт таҳия кардааст ва иҷрои он давом дорад.                   Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафар корманди намояндагии вазорат дар шаҳри Маскав ба мактабҳои олие вобаста карда шудаанд, ки донишҷӯёни тоҷик дар онҳо таҳсил доранд. Кормандони намояндагӣ ба беҳтар сохтани сифати таҳсил ва шароити кору зиндагии донишҷӯён ҳамаҷониба мусоидат мнамоянд.                     Котиби матбуоти намояндагӣ ВКД Тоҷикистон дар Маскав Дилбар Хоҷаева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чунин вохӯрию мулоқотҳо бо донишҷӯён дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо ва мактабҳои олии Русия гузаронида мешаванд.

Декабрь 21, 2009 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд