МУЛОҚОТИ АЛМААТО
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова) — Имрӯз, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Мулоқоти ҳаштуми ҷонибдорони Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи назорат аз болои истеҳсол ва гардиши ғайриқонунӣ, пешгирӣ кардани истифодаи барзиёди маводи мухаддир, маводҳои фалаҷкунандаи асаб ва прекурсорҳо(МОВ) идома ёфт. Дар ҷаласаҳои мулоқоти мазкур роҳбарияти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Котиби генералии СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноятҳои ба он вобаста Антонио Мария Коста, роҳбарони ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъули кишварҳои узви Маркази минтақавии иттилоотӣ (САРИКС): Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Турманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, директори Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Точикстон генерал-лейтенанти милиса Рустам Назаров низ дар ин ҳамоиш ширкат карданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






