МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МОТУ КОНИШИ

Декабрь 10, 2009 14:21

                  10 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.                  Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистин бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид.                   Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 18 лоиҳа бо маблағи 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд, ки аз он 110 миллионаш грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.                   Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкории босамар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама рушди соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ сурат гирифт.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи кишварии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 — ро мавриди муҳокима қарор дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар он масоили вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ мақоми хос хоҳанд дошт.                     Моту Кониши изҳор дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст ба Тоҷикистон дар паст намудани бӯҳрони энергетикӣ дар мавсими зимистон кӯмак расонад.                    Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ роҳи асосӣ ва ягонаи таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва воситаҳои мавҷудаи интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони хатҳо ва нерӯгоҳҳои нави обӣ мебошад.                   Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳам доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

Декабрь 10, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст