МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МОТУ КОНИШИ
10 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистин бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 18 лоиҳа бо маблағи 212 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегарданд, ки аз он 110 миллионаш грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст. Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкории босамар баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама рушди соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи кишварии Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 — ро мавриди муҳокима қарор дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар он масоили вобаста ба таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ мақоми хос хоҳанд дошт. Моту Кониши изҳор дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст ба Тоҷикистон дар паст намудани бӯҳрони энергетикӣ дар мавсими зимистон кӯмак расонад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар шароити кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ роҳи асосӣ ва ягонаи таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ин таҷдиди нерӯгоҳҳо ва воситаҳои мавҷудаи интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони хатҳо ва нерӯгоҳҳои нави обӣ мебошад. Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва ҳам доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






