МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ ОСИЁ ВА АВРУПО ДАР МАСКАВ

Декабрь 9, 2009 11:54

                   Душанбе , 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои 9 ва 10 декабр дар Маскав мулоқоти навбатии роҳбарон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои Аврупо ва Осиё баргузор мегардад. Дар он роҳбарони воситаҳои ахбори оммавии калонтарини мамлакатҳои ИДМ ва Балтика, сиёсатмадорон ва арбобони ҷамъиятӣ ширкат меварзанд. Мулоқот бо ташаббуси агентии иттилоотии «Новости» — и Федератсияи Русия гузаронида мешавад.                   Ҳадафи мулоқот муҳокимаи проблемаҳое мебошад, ки дар шароити имрӯза дар назди воситаҳои ахбори оммавии ҷаҳон мавҷуданд.                     Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Садриддин Шамсиддинов иштирок дорад.                     Ин мулоқоти чоруми ҳарсолаи роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои собиқи шӯравӣ мебошад. Мулоқоти нахустини онҳо соли 2006 баргузор гардида буд.                    Тибқи барнома, иштирокчиёни мулоқот бо ҳамкасбонашон аз Русия, роҳбарони сохторҳои давлатии ин мамлакат ва ходимони машҳури сиёсию ҷамъиятӣ мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни мусоҳибаҳо ва маҳфилҳои алоҳида самтҳои ҷудогонаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ баррасӣ карда мешаванд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 9 декабр дар маросими оғози мулоқот Президенти Русия Дмитрий Медведев, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби матбуоти раиси Ҳукумат Дмитрий Песков сухан хоҳанд кард. Мулоқот таҳти раёсати сармуҳаррири Агентии иттилоотии «Новости» Светлана Миронюк баргузор мегардад

Декабрь 9, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд