МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ ОСИЁ ВА АВРУПО ДАР МАСКАВ
Душанбе , 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Рӯзҳои 9 ва 10 декабр дар Маскав мулоқоти навбатии роҳбарон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои Аврупо ва Осиё баргузор мегардад. Дар он роҳбарони воситаҳои ахбори оммавии калонтарини мамлакатҳои ИДМ ва Балтика, сиёсатмадорон ва арбобони ҷамъиятӣ ширкат меварзанд. Мулоқот бо ташаббуси агентии иттилоотии «Новости» — и Федератсияи Русия гузаронида мешавад. Ҳадафи мулоқот муҳокимаи проблемаҳое мебошад, ки дар шароити имрӯза дар назди воситаҳои ахбори оммавии ҷаҳон мавҷуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Садриддин Шамсиддинов иштирок дорад. Ин мулоқоти чоруми ҳарсолаи роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои собиқи шӯравӣ мебошад. Мулоқоти нахустини онҳо соли 2006 баргузор гардида буд. Тибқи барнома, иштирокчиёни мулоқот бо ҳамкасбонашон аз Русия, роҳбарони сохторҳои давлатии ин мамлакат ва ходимони машҳури сиёсию ҷамъиятӣ мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни мусоҳибаҳо ва маҳфилҳои алоҳида самтҳои ҷудогонаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ баррасӣ карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 9 декабр дар маросими оғози мулоқот Президенти Русия Дмитрий Медведев, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби матбуоти раиси Ҳукумат Дмитрий Песков сухан хоҳанд кард. Мулоқот таҳти раёсати сармуҳаррири Агентии иттилоотии «Новости» Светлана Миронюк баргузор мегардад








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






