МУЛОҚОТИ САФИР БО ДОНИШҶӮЁН
Маскав, 1 декабря. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ба муносибати иди саиди Қурбон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот кард, ки дар Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекунанд. А.Достиев донишҷӯёнро ба муносибати иди Қурбон табрик намуда, ба онҳо дар бораи моҳияти ид, таърихи мамлакат, муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва саҳифаҳои пуршарафи дӯстии ҷавонони ҳар ду мамлакат сухан ронд. Сафир ба донишҷӯён китобҳо ва қартаҳои компютериро дар бораи Имоми Аъзам тӯҳфа карда, аз ҳаёту фаъолияти адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикояҳои ҷолиб намуд. Донишҷӯёни тоҷик ба сафир дар бораи шароити таҳсил, мулоқотҳояшон бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Маскав ва зиёиён хабар доданд. Аз ҷумла, донишҷӯ Денис Нафиқов пешниҳод намуд, ки донишҷӯёни Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқо таҷрибаи забономӯзиро дар Тоҷикистон гузаронанд. Ӯ сафири Тоҷикистон ва кормандони сафорати Тоҷикистонро даъват намуд, ки 9 декабр дар маросими шиносоӣ бо китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» ширкат варзанд. Донишҷӯён дар қисмати дуюми мулоқот бо истифодаи санъати меъмории қадима дар бинои сафорат шинос гардиданд. Дар фарҷоми мулоқот ба муносибати иди Қурбон барои донишҷӯён зиёфати идона ороста шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






