МУЛОҚОТИ САФИР БО СОҲИБКОРИ ЧИНӢ

Декабрь 29, 2009 10:02

                 Пекин, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов имрӯз дар Пекин бо роҳбари яке аз ширкатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи таҷҳизоти истифодаи қувваи офтоб (CGN-SEDC) мулоқот кард.                    Директори генералии корхонаи мазкур Хан Синхао зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки Тоҷикистон мамлакати офтобрӯя мебошад ва дар он аз қувваи офтоб барои пешрафти бисёр соҳаҳои иқтисодиёт истифода бурдан мумкин аст. Чин дар бораи истеҳсоли таҷҳизоти истифодабарандаи қувваи офтоб дар минтақа пешсаф мебошад. Дар корхонаи мазкур мутахассисони варзида кор мекунанд, дар ин ҷо аз технологияи пешқадам истифода бурда мешавад. Мо тайёрем, ки дар бобати истифодаи қувваи офтоб бо мутахассисони тоҷик ҳамкорӣ кунем. Мутахассисони мо дар бобати сохтани нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ба мутахассисони тоҷик кӯмаки калон расонда метавонанд, гуфт директории корхона.                   Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки корхонаи мазкур тобеи ширкати калони ядроию энергетикии Гуандун буда, соли 1994 ташкил ёфтааст. Фаъолияти корхона таҳқиқоти ядроӣ ва роҳу усулҳои самарабахши истифодаи қувваи офтобро дар бар мегирад. Мутахассисони корхона дар шаҳри Ҷухаи вилояти Гуандун нерӯгоҳи бузурги қувваи барқ бунёд намудаанд, ки бо қувваи офтоб кор мекунад.                    Айни ҳол маъмурияти корхона бо мамлакатҳои хориҷӣ дар бобати сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ 18 қарордод имзо кардааст. Иқтидори ҳар кадоми ин нерӯгоҳҳо 3670 мегаватт мебошад.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Пекин хабар доданд.

Декабрь 29, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид