МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ АВРУПОИ ШАРҚӢ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Декабрь 7, 2009 15:03

                  Душанбе , 7декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Рӯзҳои 7 – 8 декабр дар Алмаато конфронси Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки вазирони мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Туркия бахшида ба тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин минтақаҳо баргузор мегардад. Мулоқот бо ташаббуси муассисаҳои дахлдори СММ гузаронида мешавад.                  Дар он вазирони меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони баландмартабаи вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, молия ва кишоварзии Арманистон, Озарбойҷон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд.                  Аз Тоҷикистон дар конфронси мазкур вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок хоҳад кард.

Декабрь 7, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд