МУНОҚИША ЗИМНИ МУЛОҚОТИ КОПЕНГАГЕН

Декабрь 14, 2009 14:48

                   Копенгаген, 14 декабр. (АМИТ «Ховар» — капитал.ком). – Тавре хабар дода шуда буд, 10 декабр дар шаҳри Копенгаген мулоқоти роҳбарон ва намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба масъалаи гарм шудани иқлими ҷаҳон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот муноқишаи хеле ҷиддӣ ба амал омад. Сабаби рух додани муноқиша дар баъзе нашрияҳо чоп шудани матни сиёҳнависи созишномаи нав дар бораи пешгирии гармшавии иқлим мебошад, ки онро намояндагони ИМА ва Дания тайёр кардаанд. Мувофиқи матни чопшуда, мамлакатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон то соли 2050 ба ҳар сари аҳолии худ нисбат ба мамлакатҳои камбағалу қашшоқ ва рӯ ба инкишоф имтиёзҳои бештарро соҳиб мегарданд.                    Ҳуҷҷат инчунин пешгӯйи мекунад, ки хароҷоти молиявии мубориза барои кам кардани партовҳоро ба фазо Бонки ҷаҳонӣ танзим хоҳад кард. Ин нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар бобати иҷрои барномаҳои марбута хеле коҳиш медиҳад.                    Мамлакатҳои рӯ ба инкишоф давлатҳои сарватмандро ба забон як кардан дар ҳалли масъалаҳои иқлим гунаҳкор намуданд. Ба қавли онҳо, созишнома нисбати мамлакатҳои қашшоқ ва рӯ ба инкишоф ғайриодилона буда, ба барбод рафтани мулоқоти Копенгаген мусоидат менамояд.                      Котиби иҷроияи СММ дар масъалаҳои иқлим Иво де Боер зикр намуд, ки матни созишномаи мазкур ғайрирасмӣ буда, танҳо барои омӯзиш ва машварат тайёр карда шудааст.                     Намояндагони мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дар Копенгаген гирдиҳамоӣ ташкил намуда, изҳор карданд, ки аз имзои чунин созишнома даст мекашанд. Масъалаи пешгирии оқибатҳои гарм шудани иқлим дар Копенгаген мавқуф гузошта шуд. Дар ин масъала то охири ҳамин ҳафта қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Декабрь 14, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд