МУСОБИҚА БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҶОМИ КФО
Душанбе , 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 4 декабр дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия тақвими бозиҳои дастаҳои футболи мамлакатҳои қитъаи Осиё барои ба даст овардани Ҷоми имтиёзи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз 16 то 27 феврали соли 2010 дар варзишгоҳҳои «Сугатадаса» ва Коллеҷи шоҳии пойтахти Шри – Ланка — шаҳри Коломбо гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон, Мянма, Шри – Ланка, Бангладеш дар гурӯҳи «А» ва дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон, ҶХДК, Туркманистон ва Қирғизистон дар гурӯҳи «Б» ширкат меварзанд. Дастае, ки дар ин мусобиқа ҷои аввалро ишғол менамояд, ба мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми Осиё дар соли 2011 роҳхат мегирад. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 16 феврал бо дастаи мунтахаби Бангладеш, 18 феврал бо дастаи мунтахаби Шри – Ланка, 20 феврал бо дастаи мунтахаби Мянма қувваозмоӣ хоҳад кард. Қувваозмоиҳои ниманиҳоии мусобиқа 24 феврал ва қувваозмоии хотимавии он 27 феврал баргузор мегарданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






