МУСОБИҚАИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ИДМ

Декабрь 24, 2009 14:58

                  Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 23 декабр дар Қасри футболи шаҳри Маскав маросими қуръапартоии мусобиқаи 18 – уми дастаҳои футболи мамлакатҳои ИДМ ва Балтика барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳод баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз 16 то 24 январи соли оянда дар Маскав гузаронида мешавад.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қаҳрамони ҳозираи футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ — дастаи футболбозони «Вахш» — и Қӯрғонтеппа ба гурӯҳи «В» дохил карда шуд. Футболбозони тоҷик дар ин мусобиқа бо дастаҳои «Боку» — и Озарбойҷон, «Хелсинки» — и Финляндия ва «Оқтеппа» — и Қазоқистон қувваозмоӣ хоҳанд кард.                    Дар қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа иштироки раиси Федератсияи ҷаҳонии футбол Йозеф Блаттер ва раиси Федератсияи футболи Аврупо Мишел Платини пешбинӣ карда мешавад.

Декабрь 24, 2009 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд