МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ДАВОМ ДОРАД

Декабрь 1, 2009 13:01

                Ханти – Манси, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар кишвари Ханти – Мансии Федератсияи Русия мусобиқаи шоҳмотбозон барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳон давом дорад. Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар ин мусобиқа иштирок дошт ва дар даври дуюми он аз мусобиқа хориҷ гардид. Ф.Амонатов дар даври аввали мусобиқа зимни қувваозмоӣ бо шоҳмотбози Русия ғалаба ба даст оварда, ба даври дуюми он гузашт.                 Вале кори Ф.Амонатов дар даври дуюми мусобиқа барор нагирифт. Ӯ зимни қувваозмоӣ бо шоҳмотбози исроилӣ Борис Гелфанд мағлуб гардид.                  Барандаи собиқи Ҷоми шоҳмоти ҷаҳон, варзишгари амрикоӣ Гата Камский низ баъди якранг анҷом ёфтани қувваозмоӣ бо шоҳмотбози филиппинӣ Уэсли Соу мусобиқаро тарк намуд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мусобиқаи мазкур аз 42 мамлакати ҷаҳон 128 шоҳмотбоз иштирок дорад. Барандаи Ҷоми шоҳмоти ҷаҳон 14 декабр маълум хоҳад гашт.

Декабрь 1, 2009 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд