НАҚШИ ВАО ДАР ИНЪИКОСИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?
Душанбе, 18 декабр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- «Инъикоси баргузории интихоботи шаффофу демократӣ аз фаъолияти воситаҳои ахбори омма вобастагии калон дорад», гуфт зимни баромади худ Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Шерхон Салимзода дар ҷараёни баргузории семинари «Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ». Чорабинии мазкур, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар», бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи Фридрих Эберт дар Тоҷикистон барои кормандони ВАО-ҷумҳурӣ 18 декабр дар Душанбе ташкил карда шуд. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доштанд. -Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, бахусус тақвият бахшидани нақш ва фаъолияти ВАО дар инъикоси воқеъбинонаи омодагӣ ва ҷараёни баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Сайдалӣ Сиддиқов гуфт, ки баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ буда, аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ масъулияти бештареро тақозо менамояд.Шаффофият яке аз принсипҳои баргузории интихобот аст ва аз намояндагони васоити ахбори омма дарки бештари масъулиятшиносиро талаб мекунад. Иштирокдорони семинар зимни барарасии масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи шаффофу демократӣ доир ба принсипу стандартҳои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва инъкиоси воқеъбинонаи он аз ҷониби ВАО ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки баргузории интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз интихоботҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ менамояд. Дар назар аст, ки он дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва дар доираи санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ гузаронида мешавад. Семинар пагоҳ кори худро идома медиҳад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






