НА ҲАМА БО ОБИ ГАРМ ВА ГАРМӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти мудири шӯъбаи коммуналии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустам Иброҳимов, таъмини гармии манзили зисти шаҳрвандон ба кори пурсамари Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе вобаста аст, ки онро ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» бо сӯзишворӣ ва гази табиӣ таъмин менамояд. Алҳол ин масъала қисман ҳалли худро ёфтааст. Ба гуфти сармуҳандиси Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе Раҳматулло Қаландаров, алҳол ширкати «Барқи тоҷик» Маркази гармидиҳиро ба 14 ҳазор тонна мазут ва қисман бо газ (200 ҳазор метри куба дар як шабонарӯз) таъмин намудааст. -Барои бо тамоми иқтидор ба кор даровардани Маркази гармидиҳӣ 60 ҳазор метрии куба газ дар як соат лозим аст. Он чи ки мо дорем, танҳо барои кори яке аз 4 агрегат басандааст, ки бо он қисман ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомониро бо гармӣ таъмин карда метавонем,- мегӯяд Раҳматулло Қаландаров.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






