НАБЗИ СОХТМОНИ НБО-И РОҒУН

Декабрь 14, 2009 14:14

                   Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, аз давраи 1 январ то 1 декабри соли 2009 дар сохтмони НБО-и «Роғун» корҳои сохтмонӣ ҳамагӣ ба маблағи 389 043 375 сомонӣ иҷро гардиданд.                    Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали сол 78 394 657 сомонӣ, аз ин миқдор бо қувваи пудрадчии кулл 68 314 237 сомонӣ иҷро гардид, дар семоҳаи дуюм 99 596 584 сомонӣ, аз ин миқдор бо қувваи пудрадчии кулл 80 592 782 сомонӣ иҷро гардид, дар семоҳаи сеюм 129 485 789 сомонӣ, аз ин миқдор бо қувваи пудрадчии кулл 80 265 476 сомонӣ, дар ду моҳи семоҳаи чорум 81 566 345 сомонӣ, аз ин миқдор бо қувваи пудрадчии кулл бошад 41 781 442 сомонӣ иҷро гардид.                      Аз он ҷумла дар моҳи ҳисоботии ноябр бошад 46 886 021 сомонӣ, аз ин миқдор бо қувваи пудрадчии кулл бошад 24 284 789 сомонӣ иҷро гардид.                    Инчунин ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ – васлкунии иҷрошуда аз аввали сол дар иншоотҳои минтақаи зериобшаванда ба 27 550 585 сомонӣ баробар шуда, иҷроиши корҳо дар моҳи ноябр 3 940 724 сомониро ташкил медиҳад.                    Мувофиқи ахбороти ҶСК НБО-и «Роғун» миқдори мошину механизмҳо ва дигар таҷҳизотҳои дар сохтмон мавҷуд буда дар охири моҳи ноябр 615 адад, ки аз ин миқдор ҳамагӣ 480 адад ба кор машғул аст. Шумораи коргарону кормандони техникӣ бошад 6 ҳазору 941 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 350 нафар дар корхонаҳои минтақаи зериобшаванда кор мекунанд.                     Айни ҳол дар иншоот шумораи умумии идораву ширкатҳои гуногуни дар сохтмон фаъолият дошта 59 адад буда, аз он ҷумла, 26 адад дар сохтмони НБО-и Роғун, 25 адад дар сохтмони иншоотҳои минтақаи зериобшаванда ва 8 адад идорҳои лоиҳакашӣ -тадқиқотӣ буда, онҳо дар гирди 5-6 идораҳои калонтарин фаъолият доранд.  

Декабрь 14, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд