НАМОЯНДАГИҲОИ ВКД ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТРО ДАСТГИРӢ НАМУДАНД
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 14 декабр дар Маскав маҷлиси якҷояи намояндагиҳои расмии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилона ва масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи расондани кӯмак ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун якдилона дастгирӣ намуданд. Дар маҷлис қарор қабул карда шуд, ки музди кори серӯзаи кормандони намояндагиҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида шавад. Дирӯз ба ҳисоби сохтмони нерӯгоҳ 5 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Кормандони намояндагиҳои ВКД Тоҷикистон дар Маскав инчунин саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро мехаранд, ки аз моҳи январи соли оянда ба фурӯш бароварда хоҳанд шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар масъалаи муҳоҷирон Дилбар Хоҷаева хабар дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






