НАМОЯНДАГИ&#1202ОИ ВКД ТО&#1206ИКИСТОН ДАР РУСИЯ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТРО ДАСТГИРӢ НАМУДАНД

Декабрь 16, 2009 09:23

                  Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 14 декабр дар Маскав маҷлиси якҷояи намояндагиҳои расмии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили ҷинояти муташаккилона ва масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи расондани кӯмак ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун якдилона дастгирӣ намуданд.                    Дар маҷлис қарор қабул карда шуд, ки музди кори серӯзаи кормандони намояндагиҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида шавад. Дирӯз ба ҳисоби сохтмони нерӯгоҳ 5 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Кормандони намояндагиҳои ВКД Тоҷикистон дар Маскав инчунин саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро мехаранд, ки аз моҳи январи соли оянда ба фурӯш бароварда хоҳанд шуд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар масъалаи муҳоҷирон Дилбар Хоҷаева хабар дод.

Декабрь 16, 2009 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид