НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ «ЕДИНАЯ РОССИЯ» БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Маскав, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз дафтари матбуоти ҳизби «Единая Россия» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 16 декабр дар Маскав маҷлиси раёсати Шӯрои умумии ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар он, аз ҷумла дар бораи фиристодани ҳайати ҳизб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд. Ҳадафи сафари намояндагони ҳизби мазкур ба Тоҷикистон равнақу ривоҷи равобити ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҳайати ҳизби «Единая Россия» 25 декабр ба Душанбе меояд, сафари онҳо дар пойтахти Тоҷикистон то 27 декабр давом мекунад. Ба ҳайат узви бюрои Шӯрои Олии ҳизби «Единая Россия», муовини аввали сардори гурӯҳи ҳизб дар Думаи давлатӣ Артур Чилингаров, муовини котиби раёсати Шӯрои умумии ҳизб дар масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва равобити байниҳизбӣ, раиси кумитаи масъалаҳои байналхалқии Думаи давлатӣ Константин Косачев ва роҳбари раёсати равобити байналхалқии Кумитаи маразии иҷроияи ҳизб Константин Петриченко шомиланд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






