НАМОЯНДАГОНИ ҲИЗБИ «ЕДИНАЯ РОССИЯ» БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД

Декабрь 18, 2009 09:19

                    Маскав, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз дафтари матбуоти ҳизби «Единая Россия» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 16 декабр дар Маскав маҷлиси раёсати Шӯрои умумии ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар он, аз ҷумла дар бораи фиристодани ҳайати ҳизб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд. Ҳадафи сафари намояндагони ҳизби мазкур ба Тоҷикистон равнақу ривоҷи равобити ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.                       Ҳайати ҳизби «Единая Россия» 25 декабр ба Душанбе меояд, сафари онҳо дар пойтахти Тоҷикистон то 27 декабр давом мекунад. Ба ҳайат узви бюрои Шӯрои Олии ҳизби «Единая Россия», муовини аввали сардори гурӯҳи ҳизб дар Думаи давлатӣ Артур Чилингаров, муовини котиби раёсати Шӯрои умумии ҳизб дар масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва равобити байниҳизбӣ, раиси кумитаи масъалаҳои байналхалқии Думаи давлатӣ Константин Косачев ва роҳбари раёсати равобити байналхалқии Кумитаи маразии иҷроияи ҳизб Константин Петриченко шомиланд.

Декабрь 18, 2009 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд