НАМОЯНДАГОНИ АҲЗОБИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ДУШАНБЕ

Декабрь 28, 2009 14:26

                  Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла сардори Раёсати кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тян Юнсян, муовини котиби иҷроияи ҳизби «Ени Озарбойҷон», узви Шӯрои сиёсии ҳизби мазкур Қурбонли Мубориз Қаҳрамон Оғлӣ, узви Шӯрои сиёсӣ, котиби кумитаи вилоятии ҳизби «Ак -Жол» дар вилояти Чуйи Ҷумҳурии Қирғизистон Шаабек Ниёзов мулоқот кард.                     Зимни мулоқот Сафар Сафаров доир ба фаъолияти парлумони касбии Тоҷикистон ва фраксияҳои он ба меҳмонон маълумот дод. С. Сафаров гуфт, ки Раҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз арзишҳои умумибашарӣ ҳимоят мекунад. Ин аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон арзишҳои олӣ -демократия ва гуногунандешӣ дар ҳоли рушд аст.                    Ҳамзамон, С. Сафаров роҷеъ ба омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар кард. Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффофу демократӣ гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар назар аст, ки интихоботи парлумонӣ дар асоси бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ ва демократӣ ҷараён мегирад.                     Намояндагони аҳзоби сиёсии Чин, Озарбойҷон ва Қирғизистон дар навбати худ ибрози назар намуда, гуфтанд, ки –мо мутмаин ҳастем, ки мардуми тоҷик дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ -баргузории интихоботи парлумонӣ фаъолона иштирок намуда, беҳтарин намояндагонро ба парлумон интихоб менамоянд.                     Бояд зикр кард, ки намояндагони ҳизбҳои сиёсии Чин, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 15-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва анҷумани Х-уми ҳизби мазкур ба Душанбе ташриф овардаанд.

Декабрь 28, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд