НАМОЯНДАИ ДУШАНБЕ ДАР ЖЕНЕВА ГУЗОРИШ МЕДИҲАД

Декабрь 9, 2009 15:14

                    Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муовини Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Сайфиев аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона намоянда аст, ки дар мизи мудаввари «Проблемаҳои гуманитарӣ дар чаҳорчӯбаи урбанизатсия» ва «Муколамаи Комиссари Олӣ оид ба масъалаҳои баҳсноки ҳимояи ҳуқуқ» ширкат ва суханронӣ менамояд.                     Форуми мазкур бо иқдоми Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон созмон дода шудааст, ки имрӯзҳо дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома дорад.                      Бояд гуфт, ки баргузории ин нишаст дар ҳалли проблемаҳои гурезагон, ки мутаассифона дар низоми ҳамзистиҳои ҷаҳонӣ бар асари даргириҳои гуногун бе сарпаноҳ монда, дар ғурбат умр ба сар мебаранд, нақши муассир хоҳад гузошт.                      Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар нишасти мазкур таҷрибаи Душанбе дар ҳалли масъалаҳои паноҳандагон аз ҷониби кишварҳои дигари аъзои СММ мавриди пажӯҳиш қарор дода мешавад. 

Декабрь 9, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд