«НИГОҲ» ҲАР РӮЗ ЯК САҲМИЯИ НБО «РОҒУН»-РО МЕХАРАД

Декабрь 7, 2009 17:01

                  Душанбе. 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Ҳафтаномаи «Нигоҳ» омодааст, ки ҳар рӯзи корӣ як саҳмияи Ҷамъияти саҳҳомии НБО-и «Роғун» — ро харидорӣ кунад. Дар ин бора масъулини ҳафтаномаи «Нигоҳ» зимни як нишасти хабарӣ субҳи имрӯз иттилоъ доданд.                     Ба қавли онҳо, раёсати созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» пешниҳоди ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Нигоҳ»-ро ба назар гирифта, чунин қарорро қабул кард.                     Саймиддин Дӯстов, раиси Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» мебошад, дар ин нишаст, аз ҷумла, қайд кард: «Мо хеле хуб мефаҳмем, ки имрӯз истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ба мавқеи ҳар як шаҳрванди кишвар сахт вобастагӣ дорад. Ҳар фарди ватандӯст бояд дар ин сохтмони барои давлатдории миллии тоҷикон тақдирсоз саҳм гузорад. Мо ҳамчунин хуб дарк мекунем, ки аз иштирок дар ин сохтмон, мо минбаъд метавонем фоидаи хуби молӣ ҳам ба даст орем».                       Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки созмон омодааст на танҳо ҳар рӯзи корӣ як саҳмияи НБО-и «Роғун»-ро харидорӣ намояд, балки ба харидани саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии НБО-и «Сангтӯда-1» аз дасти дуввум низ бипардозад».                     Дар идомаи ин нишаст, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ» Фаридуни Раҳнавард иброз дошт, ки «дар қатори дигар саҳҳомони НБО-и «Роғун» ва НБО «Сангтуда-1» будани ҳафтаномаи «Нигоҳ» аҳамияти калони ҷамъиятӣ дорад. Зеро мо тӯли се соли фаъолияти худ нишон додем, ки як институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пуштибонӣ аз манфиатҳои мардуми кишвар муваффақ буда метавонад. Ба назари ман, мо ҳамчун як рӯзномаи мустақил, бо ин амал метавонем, ҷараёни иҷроиши ин раванди барои кишвар тақдирсозро то ҷое таҳти назорати мардумӣ қарор диҳем, ки ин барои ҳарчи зудтар расидан ба ҳадафҳои миллиамон, мусоидат хоҳад кард. Умедворам, ки ҳам маъмурияти ҶС НБО-и «Роғун» ва ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ин амали моро хуш мепазиранд».                     Ба гуфтаи Саймиддин Дустов рӯзҳои наздик созмони «ИНДЕМ» тарҳи нави миллиеро бо номи «Саҳҳомони мардумии Тоҷикистон» амалӣ хоҳад кард, ки ҳадафи он ҷалби сармоя ба сохтмони НБО-и «Роғун» ва пуштибонӣ аз манфиатҳои саҳҳомони мардумӣ дар дохили кишвар мебошад. Ҳамчунин дар доираи ҳамин барнома дар беруни кишвар, бахусус дар фазоии иттилотии Осиёи Марказӣ мо бо роҳандозии чорабиниҳои махсус аз барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳем кард.                     Мавриди ёдоварист, ки Созмони ҷамъиятии «Информатика барои демократия ва рушди миллӣ» («ИНДЕМ») 12-уми августи соли 2002 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон чун созмони хайрия ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он — баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба иттилооти мустақил ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.    

Декабрь 7, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст