НОЗИРИ МИНТАҚАВӢ ПОРА ТАЛАБ КАРД
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) – Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 24 октябри соли равон шаҳрванд «Б» ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд муроҷиат кард, ки сарнозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Б.Ғаффуров лейтенанти калони милитсия Сангинов Абдусалом Абдукаримович барои сабук гардонидани ҷавобгарии ҷиноятӣ аз ӯ маблағи 400 доллари ИМА пора талаб кардааст. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ баъди гирифтани пора ба маблағи 400 доллари ИМА Сангинов А.А. аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дастгир карда шуд. Дар ҳаракатҳои Сангинов А.А. аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 247 қ.2 КҶ ҶТ пешбинишуда дида мешавад. Нисбати ӯ чораҳои пешбининамудаи қонун андешида шуда истодааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






