НОЗИРОНИ БАРҚ ҲАМ РИШВА МЕГИРАНД?
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Рӯзи 16 сентябри соли 2009 нозирони ҶСК шўъбаи фурўши барқии шаҳри Душанбе Ибрагимов Р. ва Шокиров Қ.А. дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд «М» воқеъ дар шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳо санад тартиб додаанд ва аз ў барои ҷарима накардан ба маблағи 400 сомонӣ ва несту нобуд кардани санади тартибдодашуда, маблағи 200 сомонӣ талаб намудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе дар таърихи 25 сентябри соли равон Муслимов Ганҷибек Музафарович ҳангоми тамаъҷўӣ ба маблағи 200 сомонӣ, ки ин маблағро бо дархости Шокиров Қ.А. гирифтааст, дастгир карда шуд. Оиди ҳолати мазкур нисбат ба Шокиров Қ.А. аз тарафи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.2 Кодекси ҷиноии ҶТ оғоз карда шуда, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ, парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






