ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАСҶИДИ КАЛОНТАРИН ДАР ОМ (ФОТО)
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Душанбе сохтмони калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Масҷиди мазкур бо маблағҳои Амири Давлати Қатар аз ҷониби Ширкати сохтмонии «Аднон Сафарини»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар давоми 5 сол бунёд мегардад. Аз намояндагии Ширкати «Аднон Сафарини» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи масҷид бо манораи боҳашамат, 7 сутуни зебои мунаққашу мусаввар, ки рамзи ҳафт қабати замину осмон ва дарвозаҳои биҳиштанд, инчунин ҳавз ва фаввораҳои зиёд, ки аз кишвари обҳои софу зулол будани Тоҷикистон башорат медиҳанд, оро дода мешавад. Мутобиқи лоиҳа дар дохил ва долонҳою атрофи масҷид дар як вақт то 150 ҳазор нафар метавонанд намоз хонанд. Танҳо дар толори асосии намозхонӣ барои 50 ҳазор нафар ҷой омода хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки санги асоси ин масҷиди камназирро 5 октябри соли ҷорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири давлатии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад ал-Аттия гузошта буданд. Дар ин маросим Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки дар паҳлӯи масҷиди мазкур ҳамчунин як донишгоҳи бузурги исломӣ бунёд карда шавад. Гуфтанист, ки ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






