ОҚИБАТИ НАДОНИСТАНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Душанбе , 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Президенти Белорусия Александр Лукашенко ба қарибӣ зимни мулоқоташ бо роҳбарони агентиҳои иттилоотии мамлакатҳои ИДМ хабарнигоронро даъват кард, ки ба муносибатҳои байни мамлакатҳо ва халқҳо халал нарасонанд. Мулоқоти чанд рӯз пеш дар Хонаи радио баргузоргардидаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон нишон дод, ки чунин зуҳуроти номатлуб дар ҳақиқат вуҷуд дорад ва баъзе журналистон дидаю дониста, муносибати халқҳо ва мамлакатҳоро халалдор сохтан мехоҳанд. Дар сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаҳои Русия ва Ӯзбекистон баъзе суханони Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин мулоқот на танҳо таҳриф намуда, балки бардурӯғ шарҳу тавзеҳ дода, шудаанд. Хабарҳои дар ин мавзӯъ чопшуда нишон медиҳанд, ки муаллифони онҳо дониши казоӣ надоранд, ба маънои хабарҳои навиштаашон сарфаҳм намераванд ва ҳатто ному фамилияи сарони давлатҳоро намедонанд. Сарлавҳаи чунин хабару мақолаҳо шаҳодат медиҳад, ки чунин агентиҳо, сайтҳои интернетӣ ва нашрияҳои дигар роҳи ғайбатро пеша карда, аз паи ҳангомаҷӯӣ афтодаанд. Инчунин маълум мешавад, ки чунин хабарҳо бо супориши ин ё он доираҳои манфиатҷӯ навишта шудаанд ва аз онҳо бӯи ғараз ва ҳадафҳои нопок ба машом мерасад. Дурӯғи нахустине, ки дар ин хабарҳо ба назар мерасад, ба теъдоди иштирокчиёни мулоқот дахл дорад. Аз ҷумла, Дубнов ном хабарнигор навиштааст, ки «дар мулоқот қариб 50 журналисти тоҷик иштирок дошт». Ба маълумоти дубновҳо ва ҳамкасбони онҳо мерасонем, ки дар мулоқот бо Президент бештар аз 200 нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ иштирок доштанд. Худи сарлавҳаи ин хабарҳо мазмуну мундариҷаи иғвогарона ва ҷангҷӯёна доранд. Масалан, сайти интернетии «Татары Санкт – Петербурга» хабаре таҳти сарлавҳаи «Президенти Тоҷикистон Президенти Ӯзбекистонро лату кӯб кардааст» чоп кардааст. Дар портали «Евразия» хабари дигар таҳти унвони «Ба Тоҷикистону Ӯзбекистон хавфи сар задани ҷанг таҳдид менамояд» чоп карда шудааст. Маълум аст, ки ҳамаи ин хабарҳо супоришӣ буда, ҳадафи онҳо оташ додани хусумати миллӣ ва нафрати байни миллатҳо мебошад. Мухбирони ғаразҷӯ суханони Президенти Тоҷикистонро аз матни суханронии ӯ канда гирифта, ба таври худ маънидод менамоянд. Эмомалӣ Раҳмон қабл аз суханрониаш дар мавзӯи энергетика журналистонро даъват намуд, ки ҷараёни сохтмони НБО «Роғун» — ро воқеъбинона инъикос намоянд. Вай дар масъалаи фурӯхтани саҳмияҳои Роғун сухан ронда, таъкид кард, ки касеро ба харидани саҳмияҳои он маҷбур намудан мумкин нест. Президенти Тоҷикистон баъдан мақомоти Ӯзбекистони ҳамсояро танқид кард, ки вақтҳои охир ба сохтмони иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон монеъ шудан мехоҳанд. Вай зикр намуд, ки дар ин мавзӯъ борҳо бо Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов баҳсу мунозира кардааст. Аммо мухбирони ҳангоматалаб суханони Эмомалӣ Раҳмонро таҳриф намуда, хабар медиҳанд, ки вай гӯё бо Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов даст ба гиребон шуда бошад ва онҳоро Президенти Украина аз ҳамдигар халос карда бошад. Президенти Тоҷикистон дар оғози мулоқоташ журналистонро даъват намуд, ки дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон эҳтиёткорона сухан ронанд. Зеро вай медонист, ки дар мулоқот бадхоҳони миллатҳои тоҷику ӯзбек ҳузур доранд ва суханонашро бо мақсадҳои ғаразнок шарҳу тавзеҳ дода метавонанд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муносибатҳои деринаи хешу таборӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳамдигар мепайвандад ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду миллати бародар зарба занад. Дар ин масъала мухбири «Росбизнесконсалтинг» аз ҳад гузаронидааст. Вай дар сайти интернетӣ таҳти унвони «Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои Самарқанд даст ба гиребон шуданд» хабар чоп кардааст. Дар хабар гуфта мешавад: «Ба қавли Президенти Тоҷикистон, ӯ бо Президенти Қирғизистон Ислом Каримов муносибати хеле хуб дошт. Баъд ӯ дар бораи баҳсу мунозираҳои марбут ба баъзе шаҳру вилоятҳои тоҷикнишини Қирғизистон бо И.Каримов баҳсу мунозираҳо кардааст». Ба ақидаи мо, муаллифи ин хабар намедонад, ки Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Президенти Ӯзбкекистон Ислом Каримов мебошанд. Тасодуфӣ нест, ки чунин хабарҳои латифамонанд дар сайти интернетии «Анекдот.ру» ҷой дода шудаанд. Ҳамон мухбири қаламбадаст Дубнов дар хабараш навиштааст: «Э.Раҳмон дар ин масъала борҳо баҳсу мунозира карда, ду маротиба бо ӯ (И.Каримов) даст ба гиребон шудааст. Ҳол он ки Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот дар ин бора умуман сухан наронда буд. Инчунин Дубнов хабари худро таҳти сарлавҳаи «Мо Самарқанду Бухороро ҳатман хоҳем гирифт» чоп кардааст. Ҳол он ки Э.Раҳмон дар ин мавзӯъ умуман сухан наронда буд. Мутаассифона, баъзе коршиносон дар асоси чунин хабарҳои бардурӯғ дар бораи муносибатҳои давлатҳо ва мамлакатҳо ҳукм бароварданӣ мешаванд. Аз ҷумла, муовини директори Пажӯҳишгоҳи мамлакатҳои ИДМ Владимир Жарихин дар ҳафтаномаи «Взгляд» менависад, ки «муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар ин масъала шояд ояндаи наздик ниҳоят муташанниҷ гардад». Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё Президент баъди чунин шарҳу тавзеҳи ғаразнок ва бадқасдонаи гуфтаҳояш бори дигар бо журналистон рӯ ба рӯ гардидан мехоста бошад ё не? Зеро вай пешакӣ медонад, ки дар байни онҳо қаламбадастони иғвогару моҷароҷӯ ва ҳангоматалаб ҳам ҳузур дошта метавонанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки Президенти Тоҷикистон дар ягон маҷлису машварат ва ё мулоқоти ба воситаи телевизион намоиш додашуда, ба унвони ягон халқу мамлакат ё давлату миллат суханони беҷо гуфтанро раво намедонад. Мо журналистони маҳаллию хориҷиро даъват мекунем, ки ба рӯйдодҳои дохилии Тоҷикистон воқеъбинона баҳо диҳанд. Зеро инъикоси ғаразҷӯёна ва таҳрифи бадқасдонаи суханони Президент ба шаъни журналист намезебад!