О. ОҚИЛОВ: «САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» МАҚСАДНОК ИСТИФОДА ШАВАНД!»

Декабрь 21, 2009 09:49

                    Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 18 декабр таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи Шӯрои назоратии ҶСК Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.                      Дар ҷаласаи мазкур рафти корҳои сохтмонӣ, масоили вобаста ба оиннома ва сохтори идоракунии НБО «Роғун», ҷараёни маблағгузории корҳои сохтмонӣ ва тартиби ба фурӯш баровардани саҳмияҳои НБО «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифт.                       Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар мавзеи сохтмони НБО «Роғун» мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, аз 532,5 миллион сомонии пешбинишуда, то имрӯз 512,1 миллион сомониаш ҷудо шудааст.                       Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат О. Оқилов ба масъулин ҷиҳати тезонидани корҳо ва сифати баланди он дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъқид намуд, ки маблағҳои аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ҷамъомада мақсаднок истифода шаванд. 

Декабрь 21, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд