ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «РАҚС БИКУН ҶОНО…»

Декабрь 17, 2009 16:28

                 Суғд, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати вилоят дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ озмуни рақс таҳти унвони «Рақс бикун, ҷоно…» баргузор гардид.                  Дар озмун 14 нафар гулдухтарони синнашон аз 14 то 20 сола, ки дар озмуни ноҳиявӣ ғолиб омада буданд, ширкат варзиданд. Озмун аз рӯи ду намуди рақс – рақси миллӣ ва рақси замонавӣ баргузор гашт. Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави санъати рақс мебошад.                 Ғолиби озмун соҳиби шоҳҷоиза намояндаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Динара Раҳимова дониста шуд.                  Чойхои 1-ум ва 3-юмро духтарони шаҳри Табошар, ноҳияи Спитамен ва шаҳри Чкаловск соҳиб шуданд. Мукофоти таваҷҷӯҳи тамошобин Валихон Алихонов коргари ресторани «Роҳат»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуд.  

Декабрь 17, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд