ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҲАЙАТИ НАВИ КМИР ҶТ ТАСДИҚ КАРД
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 декабр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 6-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев баргузор гардид, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мирзоалӣ Болтуев Раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мизроб Кабиров муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ва Вера Наимова Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тасдиқ гардиданд. Ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ аз 15 аъзо иборат буда, дар он намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ (ғайр аз Ҳизби Социал-Демократии Тоҷикистон) ва шахсиятҳои бидуни ҳизбият шомиланд. Бори нахуст ба ҳайати нави аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ шаҳрвандони беҳизбият ба мисли Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Изатулло Алиев ва сардори раёсати Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Тағоев шомил гардиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






