ПАРВАНДАИ МИРЗО ЗИЁЕВ ДАР СУДИ ОЛӢ

Декабрь 22, 2009 12:01

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноии гурӯҳӣ ғайриқонуниии собиқ қумондони саҳроӣ Мирзо Зиёевро ба истеҳсолоти худ қабул кард. Боиси ёдоварист, ки тобистони соли ҷорӣ гурӯҳи террористӣ дар натиҷаи амалиёти ғайриқонунии худ, ки мехостанд ба мақомоти маҳаллӣ ва шӯъбаҳои корҳои дохилии води Рашт ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом диҳанд аз тарафи кормандони низомии ВУД ва КДАМ дар як муддати кӯтоҳ торумор карда шуданд.                   Дар натиҷаи бархурд 11 нафар террористон, ки аз ҳисоби шаҳрвандони дохилу хориҷи кишвар ташкил ёфта буданд, кушта шуда, 30 нафар аъзои гурӯҳи мутаалиқ ба Мирзо Зиёев дастгир гардиданд.                    Аз гурӯҳи таррористони ғайриқонунӣ  60 адад яроқи оташфишон, аз қабили автомат, пулемиёт, гранатомёт, чандин ҳазор дона тир ва воситаҳои алоқаи радиоӣ мусодира гардид.                   Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва сарпрокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаҳои ҷиноии ин гурӯҳро ба анҷом расонида, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди Олӣ ирсол намуданд.

Декабрь 22, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд