ПИРЯХҲОИ АЗИМ ҲИФЗ КАРДА МЕШАВАНД
Копенгаген,17 декабр (АМИТ «Ховар» — un.org.ru). — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид вобаста ба тағйирёбии иқлим баромад карда изҳор кард, ки муқаррароти умумии Созишномаи нави кишварҳоро дар бораи пешгирии гармшавии мутлақи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ташаббуси шахсӣ дар бораи таъсис додани фонди байналхалқии ҳифзи пиряхҳои азими Осиёи Марказӣ, пешгирӣ аз истифодаи бенизоми захираҳои обии минтақа пешниҳод кард. «Болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳаҷми 2-3 дараҷа, мувофиқи пешгӯиҳо, ҷараёни обшавии пиряхҳоро суръат бахшида ба камшавии об дар дарёҳо оварда мерасонад. Ин ҳолат дар ҳамбастагӣ бо кам шудани боришот ва афзудани талабот ба об боиси шиддат гирифтани вазъияти минтақа дар ояндаи наздик хоҳад шуд» — қайд кард Эмомалӣ Раҳмон ва даъват кард, ки «таъсири манфии сохторҳои фарсудаи истифодабарандагони об ва обанборҳои зиёди кишварҳои поёнобӣ ба иқлим, ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд». Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки Тоҷикистон пурра бандҳои Созишномаи навро оид ба ҳифзи иқлим, маҳдуд ва ихтисор кардани истифодаи сӯзишвории карбон, ба роҳ мондани манбаҳои барқароршавандаи энергия, барқарорсозии ҷангалҳо ва беҳтар сохтани истифодаи заминро дастгирӣ мекунад, аммо бе маблағгузории зарурӣ ҳама чорабиниҳои пешбинишуда иҷро нашуда, мушкилот боқӣ мемонад. Дар ҳамин зимн ӯ аз зиёд шудани ҳаҷми кӯмакҳои техникӣ ва молиявӣ ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ дастгирӣ кард. Президент Э.Раҳмон ҳамчунин дар ин ҳамоиши байналмиллалӣ изҳор кард, ки «Кишвари ӯ аз гармшавии иқлим аз ҳама зиёд зарар мебинад, ҳарчанд, ки дар ба амал омадани чунин ҳолат умуман дахл надорад. Дар минтақа Тоҷикистон аз дигар кишварҳо камтар сӯзишвории карбонро истифода бурда, ҳаҷми газҳои зараровари ба иқлим паҳншавандаи ин кишвар ҳамагӣ 5 фоизро ташкил мекунад».








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






