ПИРЯХҲОИ АЗИМ ҲИФЗ КАРДА МЕШАВАНД

Декабрь 17, 2009 11:34

                  Копенгаген,17 декабр (АМИТ «Ховар» — un.org.ru). — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид вобаста ба тағйирёбии иқлим баромад карда изҳор кард, ки муқаррароти умумии Созишномаи нави кишварҳоро дар бораи пешгирии гармшавии мутлақи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ташаббуси шахсӣ дар бораи таъсис додани фонди байналхалқии ҳифзи пиряхҳои азими Осиёи Марказӣ, пешгирӣ аз истифодаи бенизоми захираҳои обии минтақа пешниҳод кард.                   «Болоравии ҳарорати ҳаво дар ҳаҷми 2-3 дараҷа, мувофиқи пешгӯиҳо, ҷараёни обшавии пиряхҳоро суръат бахшида ба камшавии об дар дарёҳо оварда мерасонад. Ин ҳолат дар ҳамбастагӣ бо кам шудани боришот ва афзудани талабот ба об боиси шиддат гирифтани вазъияти минтақа дар ояндаи наздик хоҳад шуд» — қайд кард Эмомалӣ Раҳмон ва даъват кард, ки «таъсири манфии сохторҳои фарсудаи истифодабарандагони об ва обанборҳои зиёди кишварҳои поёнобӣ ба иқлим, ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор дода шаванд».                  Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки Тоҷикистон пурра бандҳои Созишномаи навро оид ба ҳифзи иқлим, маҳдуд ва ихтисор кардани истифодаи сӯзишвории карбон, ба роҳ мондани манбаҳои барқароршавандаи энергия, барқарорсозии ҷангалҳо ва беҳтар сохтани истифодаи заминро дастгирӣ мекунад, аммо бе маблағгузории зарурӣ ҳама чорабиниҳои пешбинишуда иҷро нашуда, мушкилот боқӣ мемонад. Дар ҳамин зимн ӯ аз зиёд шудани ҳаҷми кӯмакҳои техникӣ ва молиявӣ ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ дастгирӣ кард. Президент Э.Раҳмон ҳамчунин дар ин ҳамоиши байналмиллалӣ изҳор кард, ки «Кишвари ӯ аз гармшавии иқлим аз ҳама зиёд зарар мебинад, ҳарчанд, ки дар ба амал омадани чунин ҳолат умуман дахл надорад. Дар минтақа Тоҷикистон аз дигар кишварҳо камтар сӯзишвории карбонро истифода бурда, ҳаҷми газҳои зараровари ба иқлим паҳншавандаи ин кишвар ҳамагӣ 5 фоизро ташкил мекунад».

Декабрь 17, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид