ПОКИСТОН УЗВИ СҲШ ШУДАН МЕХОҲАД

Декабрь 10, 2009 11:43

                  Исломобод, 10 декабр. (АМИТ «Ховар» — нюсланд.ру). – Моҳи июни соли 2010 дар Тошканд лоиҳаи низомномаи тартиби қабули мамлакатҳои нав ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай қабул карда мешавад.                    Созмон ба қабули мамлакатҳои нав ба узвияти худ тайёр аст, ки ҳадафҳо ва принсипҳои ҳуҷҷати хотимавии онро иҷро менамоянд.                    Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ 9 декабр дар Исломобод зимни мулоқоташ бо муншии умумии Созмони ҳамкории Шанхай Болат Нургалиев хоҳиш намуд, ки Покистон ба узвияти созмон қабул карда шавад. Бояд гуфт, ки Покистон дар СҲШ ҳуқуқи мушоҳидро дорад.                   Президенти Покистон зикр намуд, ки мамлакаташ дар шароити торафт бештар паҳн гардидани хавфи терроризм ва ифротгароӣ ба узвияти СҲШ ниёзманд мебошад. Зеро яке аз ҳадафҳои асосии созмон муборизаи якҷоя ба муқобили терроризм ба шумор меравад.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки моҳи январи соли 2010 муншии нави умумии СҲШ вазири собиқи корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Муродбек Имоналиев ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ менамояд.

Декабрь 10, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд