ПОСИ ХОТИРИ ОЛИМ ВА ОМӮЗГОРИ МАЪРУФ

Декабрь 5, 2009 11:39

                   Душанбе , 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 4 декабр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 100 — солагии рӯзи таваллуди олим ва омӯзгори маъруфи тоҷик, профессор Людмила Успенская конфронси илмии амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс донишҷӯён, олимон ва омӯзгорони ҳамаи мактабҳои олии мамлакат ширкат варзиданд. Дар он ҳамчунин писари Л.Успенская – шоир, носир ва драмнависи машҳур Темур Зулфиқоров иштирок дошт.                    Нотиқон дар ҷараёни ҷамъомад дар бораи саҳми бузурги Людмила Успенская дар бобати тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва таълифи асарҳои илмӣ сухан ронданд.                     Людмила Владимировна Успенская баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград дар қатори мутахассисони ҷавон ба Тоҷикистон фиристода шуда буд. Ӯ аз соли 1942 то соли 1993 дар факултаи забону адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон кор кард. Таҳти роҳбарии ӯ теъдоди зиёди аспирантҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд.                     Л.Успенская дар давоми солҳои 1940 – 1950 тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», котиби илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо ва саркотиби илмии Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.                        Мавсуф қисми зиёди ҳаёти худро ба таълиму тарбияи омӯзгорони забону адабиёти рус сарф кардааст. Вай муаллифи чандин китобҳои дарсии «Забони русӣ» барои мактабҳои тоҷикӣ ва асарҳои илмии забоншиносӣ мебошад.

Декабрь 5, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд