ПОСИ ХОТИРИ ОЛИМ ВА ОМӮЗГОРИ МАЪРУФ
Душанбе , 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 4 декабр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 100 — солагии рӯзи таваллуди олим ва омӯзгори маъруфи тоҷик, профессор Людмила Успенская конфронси илмии амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс донишҷӯён, олимон ва омӯзгорони ҳамаи мактабҳои олии мамлакат ширкат варзиданд. Дар он ҳамчунин писари Л.Успенская – шоир, носир ва драмнависи машҳур Темур Зулфиқоров иштирок дошт. Нотиқон дар ҷараёни ҷамъомад дар бораи саҳми бузурги Людмила Успенская дар бобати тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва таълифи асарҳои илмӣ сухан ронданд. Людмила Владимировна Успенская баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград дар қатори мутахассисони ҷавон ба Тоҷикистон фиристода шуда буд. Ӯ аз соли 1942 то соли 1993 дар факултаи забону адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон кор кард. Таҳти роҳбарии ӯ теъдоди зиёди аспирантҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Л.Успенская дар давоми солҳои 1940 – 1950 тарҷумони рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», котиби илмии Пажӯҳишгоҳи таърих, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Академияи илмҳо ва саркотиби илмии Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Мавсуф қисми зиёди ҳаёти худро ба таълиму тарбияи омӯзгорони забону адабиёти рус сарф кардааст. Вай муаллифи чандин китобҳои дарсии «Забони русӣ» барои мактабҳои тоҷикӣ ва асарҳои илмии забоншиносӣ мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






