РӮЗИ СИЁҲИ БАҒДОД

Декабрь 9, 2009 11:22

                 Бағдод, 9 декабр.(АМИТ «Ховар» — vesti.ru) – Субҳи 8 декабри соли ҷорӣ дар пойтахти Ироқ якчанд амалҳои террористӣ ба вуқӯъ пайваст. Хабаргузориҳо оид ба 5 таркиш дар минтақаҳои гуногуни шаҳр ва кушта шудани садҳо шаҳрвандони бегуноҳ иттилоъ медиҳанд. Террористон маводҳои таркандаро дар дохили автомашинаҳо ҷойгир карда онҳоро ҳангоми авҷ гирифтани равуои одамон ва ходимони давлатӣ дар наздикии биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ, вазорати молия ва тафтишоти судӣ, ба амал дароварданд. Ҳамчунин як автомашинаи пулис дар наздики Донишгоҳи техноглогӣ тарконда шуд. Дар баробари фавтидагон, наздики 200 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.                 Айни ҳол, ҷавобгарии ин амалҳои террористиро ягон созмон ба ӯҳдаи худ нагирифтааст. Таркишҳо ҳам дар маҳалҳои суннинишин ва ҳам дар маҳалҳои шиамазҳабон амалӣ шуданд.

Декабрь 9, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд