РАДДИЯИ ШИРКАТИ САҲҲОМИИ «БАРҚИ ТОҶИК»
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Агентии иттилоотии «Регнум» чанд рӯз пеш бо истинод ба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дода буд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи муштараки системаҳои энергетикии ҳар ду мамлакат созиш ба даст оварда бошанд. Дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» хабари мазкурро рад намуда, зикр менамояд, ки Ширкати давлатии энергетикии Ӯзбекистон то имрӯз дар бораи гузаронидани гуфтушунид дар масъалаи истифодаи муштараки системаҳои энергетикии ҳар ду кишвар пешниҳоди расмӣ ба миён нагузоштааст. Инчунин ширкати «Барқи тоҷик» то имрӯз дар бораи хориҷ гардидани Ӯзбекистон аз Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ огоҳиномаи расмӣ нагирифтааст. Ӯзбекистон аз 30 октябри соли равон сар карда, ба таври якҷониба аз системаи муштараки энергетикии ҳар ду мамлакат хориҷ гардид. Ин интиқоли қувваи барқи Туркманистонро ба Тоҷикистон ғайриимкон гардонд. Имрӯзҳо системаи энергетикии Тоҷикистон мустақилона кор мекунад ва аз мамлакатҳои ҳамсоя қувваи барқ намегирад, гуфт роҳбари дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






