РЕЙДИ «ТОҶИКСТАНДАРТ» ДАР ВАҲДАТ
Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи шаҳри Ваҳдат зимни рейди муштарак дар як қатор нуқтаҳои савдои ин шаҳр дар ҳаҷми калон маҳсулоти ҳӯроквории мӯҳлати истеъмолиашон гузаштаро дарёфт ва нобуд сохтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд. Маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиашон гузаштагӣ беш аз 40 номгӯй, ба мисли маҳсулоти қаннодӣ, равған, чой ва ғайра буда, он аз ҷониби тоҷирону фурӯшандагон дар нуқтаҳои гуногуни савдо ба фурӯш гузошта шуда буданд. Бояд зикр кард, ки тӯли солҳои охир Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар дар аксар марказҳои дар шаҳру ноҳияҳои мамлакатбудаи худ, озмоишгоҳҳои ҳозиразамони ташхисиро ташкил намудааст. Ин озмоишгоҳҳо бо тамоми таҷҳизоти муосири ташхисӣ, ки истеҳсоли кишварҳои Русия ва Чин мебошанд муҷаҳҳаз гардидаанд. Чунин, озмоишгоҳҳои муосир имкон медиҳанд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ ва ба таври саҳеҳ маҳсулоти хӯрокворӣ аз санҷиш гузаронида шуда, сифат ва мӯҳлати истеъмоли он муайян карда шаванд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






