РЕЙДИ «ТОҶИКСТАНДАРТ» ДАР ВАҲДАТ

Декабрь 22, 2009 12:25

                  Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи шаҳри Ваҳдат зимни рейди муштарак дар як қатор нуқтаҳои савдои ин шаҳр дар ҳаҷми калон маҳсулоти ҳӯроквории мӯҳлати истеъмолиашон гузаштаро дарёфт ва нобуд сохтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд.                    Маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиашон гузаштагӣ беш аз 40 номгӯй, ба мисли маҳсулоти қаннодӣ, равған, чой ва ғайра буда, он аз ҷониби тоҷирону фурӯшандагон дар нуқтаҳои гуногуни савдо ба фурӯш гузошта шуда буданд.                    Бояд зикр кард, ки тӯли солҳои охир Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар дар аксар марказҳои дар шаҳру ноҳияҳои мамлакатбудаи худ, озмоишгоҳҳои ҳозиразамони ташхисиро ташкил намудааст. Ин озмоишгоҳҳо бо тамоми таҷҳизоти муосири ташхисӣ, ки истеҳсоли кишварҳои Русия ва Чин мебошанд муҷаҳҳаз гардидаанд. Чунин, озмоишгоҳҳои муосир имкон медиҳанд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ ва ба таври саҳеҳ маҳсулоти хӯрокворӣ аз санҷиш гузаронида шуда, сифат ва мӯҳлати истеъмоли он муайян карда шаванд.

Декабрь 22, 2009 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид