РОНАНДА ЧӢ ГУНОҲ ДОШТ?

Декабрь 10, 2009 14:10

                    Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар санаи 8 декабри соли ҷорӣ дар деҳаи Руҳаки ҷамоати деҳоти Деҳмои вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами давлатиаш ВК 19 11 РТ 02, ки ба ба сокини ноҳияи Б.Ғафуров Маъруф Раҳимови 31 сола тааллуқ дорад, оташ гирифт.                    Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонон автомашинаи мазкур дар масоҳати 4 метри мураббаъ сӯхта корношоям гардида буд.                     Инчунин аз автомашина ҷасади ронанда бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад. 

Декабрь 10, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд