СӮХТОРИ ШАДИД ДАР ПЕРМ

Декабрь 7, 2009 11:56

                   Перм, 7 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Шаби 5 декабр дар қаҳвахонаи «Хромая лошад» — и шаҳри Перм дар натиҷаи истифодаи асбобу анҷоми оташзо сӯхтори шадид ба амал омад. Зимни рух додани сӯхтор дар қаҳвахона қариб 250 нафар ҳузур дошт. Аз ин ҷумла, 111 нафар ҳалок шуд.                     Хабар дода мешавад, ки сӯхтор дар натиҷаи ба сақфи бино расидани оташи асбобҳои зуд даргиранда ба амал омадааст. Одамон баъди сар задании сӯхтор ба берун баромадан шуданд. Вале бо сабаби хеле танг будани дарҳои баромад ва баланд будани тирезаҳо миқдори зиёди одамон нафастанг гардида ҳалок шуданд. Инчунин теъдоди зиёди одамон дар натиҷаи сӯхтани баданашон ба ҳалокат расиданд.                    Ба қавли вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия Татяна Голикова вазъи саломатии аксарияти осебдидагон ниҳоят вазнин мебошад. Тақдири онҳо баъди ду – се рӯз маълум мешавад, гуфт вазир. Хабар дода шуд, ки рӯзи гузашта бо ҳавопаймоҳо 99 шахси маҷрӯҳгардида ба шифохонаҳои шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург ва Челябинск фиристода шуданд.                     Вобаста ба ин воқеа мувофиқи Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Бо иҷозати Прокуратураи генералии Русия 4 нафар шахси мансабдори масъул ба хабс гирифта шуд. Яке аз онҳо директори қаҳвахона мебошад, ки айни ҳол дар шифохона табобат карда мешавад ва вазъи саломатии ӯ ниҳоят вазнин аст.                       Президенти Русия Д.Медведев вобаста ба воқеаи мазкур дар бораи рӯзи мотам эълон кардани 7 декабр фармон имзо кард.

Декабрь 7, 2009 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд