СӮХТОРИ ШАДИД ДАР ПЕРМ
Перм, 7 декабр. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Шаби 5 декабр дар қаҳвахонаи «Хромая лошад» — и шаҳри Перм дар натиҷаи истифодаи асбобу анҷоми оташзо сӯхтори шадид ба амал омад. Зимни рух додани сӯхтор дар қаҳвахона қариб 250 нафар ҳузур дошт. Аз ин ҷумла, 111 нафар ҳалок шуд. Хабар дода мешавад, ки сӯхтор дар натиҷаи ба сақфи бино расидани оташи асбобҳои зуд даргиранда ба амал омадааст. Одамон баъди сар задании сӯхтор ба берун баромадан шуданд. Вале бо сабаби хеле танг будани дарҳои баромад ва баланд будани тирезаҳо миқдори зиёди одамон нафастанг гардида ҳалок шуданд. Инчунин теъдоди зиёди одамон дар натиҷаи сӯхтани баданашон ба ҳалокат расиданд. Ба қавли вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия Татяна Голикова вазъи саломатии аксарияти осебдидагон ниҳоят вазнин мебошад. Тақдири онҳо баъди ду – се рӯз маълум мешавад, гуфт вазир. Хабар дода шуд, ки рӯзи гузашта бо ҳавопаймоҳо 99 шахси маҷрӯҳгардида ба шифохонаҳои шаҳрҳои Маскав, Санкт – Петербург ва Челябинск фиристода шуданд. Вобаста ба ин воқеа мувофиқи Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Бо иҷозати Прокуратураи генералии Русия 4 нафар шахси мансабдори масъул ба хабс гирифта шуд. Яке аз онҳо директори қаҳвахона мебошад, ки айни ҳол дар шифохона табобат карда мешавад ва вазъи саломатии ӯ ниҳоят вазнин аст. Президенти Русия Д.Медведев вобаста ба воқеаи мазкур дар бораи рӯзи мотам эълон кардани 7 декабр фармон имзо кард.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






