САҲМГУЗОРИИ ТОҶИКОНИ РОССИЯ БАРОИ РОҒУН
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷавоб ба иқдоми некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун бо кӯмаку дастгирии мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯзҳо аз номи ҳамватанони берунмарзии мо, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд ба номи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳои ҷонибдорӣ ворид мегарданд. Аз ҷумла соҳибкори тоҷик аз шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Мараматшо Давлатов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун дар номаи худ нигоштааст, ки ҳамчун як фарди ватандӯсту хайрхоҳи давлату миллати хеш ба суратҳисоби Нерӯгоҳи обии PОҒУН ҳамчун кӯмак 100 ҳазор рубли русӣ мегузаронад. Ба ҳамин мазмун ҳамзамон аз ҷамъияти «Фарҳанги худмухтори тоҷикон» — шаҳри Иркутск, Ташкилоти ҷамъиятии беҳбудии маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ «Содействие»-и шаҳри Краснодар ва Ширкати савдою сохтмонии «Орион — Урал» — и шаҳри Екатеринбург номаҳои ҷонибдорӣ расидаанд. Дар номаҳои зикршуда ҳамватанони бурунмарзии мо бо ҷонибдорӣ аз иқдомоти роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди идома додани сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун изҳор доштаанд, ки бо маблағи аз 50 ҳазор сомонӣ то 100 ҳазор сомонӣ саҳмияӣои «Нерӯгоҳи обии Роғун»- ро харидорӣ мекунанд, то дар бунёди ин иншооти тақдирсози Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






